1
ТУ МАРО ЗИНДА НИГАҲ ДОР, КИ....
Зиндагӣ чист? - ту мепурсӣ.
- Зиндагӣ лаззати ҳар соати умр аст.
Умр маҷмӯъаи ҳар лаҳзаи хушнудию нохушнудист.
Оҳ... Ширинҷон! Медонӣ?
Охири будани ҳар лаҳзаи як умр ҳамон нобудист.
Лаҳзаҳои бо ҳам будани мо
он қадар ширин... ҷонафзо... хеле зебо
мисли дар барги гули Марям муҳри шабнам,
мисли омехтани атри гули ёс ба таркиби ҳавои тоза,
мисли дар рӯд шино кардани гулмоҳиҳо.
Ишқи ман, эй Ширин!
Бо ту ҳар лаҳза аҷаб ширин аст
мисли хушбахтии моҳиҳо дар дарё аз шодобӣ,
мисли рақсидани барги бед аз замзамаи ҷӯборон,
мисли бо мавҷ шино кардани мурғи обӣ...
Лаҳзаҳои бе ҳам будани мо
он қадар талх... ғамафзо... сахт нозебо
мисли пажмурдани барги бед бе замзамаи об,
мисли дур аз ватанаш мурдани як марди муҳоҷир,
мисли ҷон кандани моҳии ҷудо аз дарё...
Ишқи ман, эй Ширин!
Бе ту ҳар лаҳза аҷаб талх аст
мисли бадбахт ба хоки сияҳ афтодани барги бед,
мисли гум кардани оромиши ҷон,
мисли мурдан чу гиёҳони зи боридани борон навмед....
Лаҳзаҳо даргузаранд...
Умр, афсӯс, ки ҳар лаҳза зи мо мегузарад!
Ту ҳамин лаҳзаву ҳар лаҳзаи дигар, ки насиби мост,
лаҳзае дур мабош аз назарам, Ширинҷон!
Марг хобест гарон...
Ту маро зинда нигаҳ дор, ки... хобам набарад.