Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
НАҶВО Якеро дӯст медорам, Вале афсӯс, ӯ ҳаргиз намедонад! Нигоҳаш мекунам шояд Бихонад аз нигоҳи ман, Ки ӯро дӯст медорам, Вале афсӯс, ӯ ҳаргиз нигоҳамро намехонад! Ба барги гул навиштам ман: "Туро ман дӯст медорам!" Вале афсӯс, ӯ гулро Ба зулфи кӯдаке овехт, то ӯро бихандонад. Ба маҳтоб гуфтам, эй маҳтоб! Сари роҳат ба кӯйи ӯ, Саломамро расону гӯ: "Туро ман дӯст медорам!" Вале афсӯс, чун маҳтоб, Ба рӯйи бистараш лағзид, Яке абри сияҳ омад, ки рӯйи моҳи тобонро бипӯшонад. Саборо дидаму гуфтам: "Сабо дастам ба домонат! Бигӯ аз ман ба дилдорам: Туро ман дӯст медорам!" Вале афсӯс, зи абри тира барқе ҷаст, Ки қосидро миёни раҳ бисӯзонад. Кунун вомонда аз ҳар ҷо, Дигар бо худ кунам наҷво... Якеро дӯст медорам, Вале афсӯс, сад афсӯс! Ӯ ҳаргиз намедонад... Фаридуни Муширӣ