1
Нафасро қадр бинмоед!
Ҷаҳон дар панҷаи марг асту номардум,
Фақат андар пайи эълону рекломанд,
Шуд айёме, ки нонатро намеёбӣ ту бе миннат,
Вале беномҳо он қадр ҳам дар ҷустани номанд..
Ҷаҳон дар панҷаи марг аст! Номардум ба худ оед!!!
Халоиқ интизори хушхабар ҳастанд,
Кабӯтарҳо ҳама дар лона зиндонӣ.
Касе дар марги соҳибдил намегиряд,
Касе дигар тавофи дил намеояд.
Касе дигар ба "бисту" "чил"намегиряд.
Ҷаҳон дар панҷаи марг аст, эй мардум!
Ба хештан ғадр манмоед,
Нафасро қадр бинмоед!