Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
"Чи айёме? Намедонӣ, ки бо кӣ по куҷо монӣ, Намедонӣ киро бовар кунӣ в-аз кӣ ҷудо монӣ. Чи давроне? Ғами худро, ғами ин халқу Меҳанро, Бигӯйӣ – дар бало печӣ, нагӯйӣ – дар бало монӣ! Қадам бебоктар чун мениҳӣ, роҳи туро банданд, Бибуррандат чу хар гӯшу дум аз галла қафо монӣ. Худо гӯйӣ – забонатро кашанд аз ҳалқи ту дар дам, Ба санги таъна кӯбандат в-агар дур аз Худо монӣ. Ба дунё дил ниҳӣ – дунёпарастонат набигзоранд, Ба уқбо дил диҳӣ – дар моҷарои ин саро монӣ. Нагӯйӣ ҳам бадат гӯянду гӯйӣ ҳам бадат хонанд, Намедонӣ – чаро байни ду дунё рӯсиё монӣ. Дар ин дуроҳаи бӯронӣ зери сақфи гардунҳо, Намедонӣ – чаро ронӣ? Намедонӣ – чаро монӣ? Миёни чор дарё тахтабандат кардаву гӯянд: Мабодо ин... мабодо он... мабодо... то куҷо монӣ?" Исфандиёри НАЗАР