1
МАН КИЯМ?
Ман киям? Ман ҳеҷ кас!
Ман киям? Як роҳ хас!
Беҳавас, беҳамнафас
Дар миёни ин қафас.
Тангу торик сарду шум
Гуми гумам, гуми гум!
Ту ки хастӣ? Беназир!
Як баҳори дилпазир
Як лабе аз ҳарф пур
Нури нури нури нур!
Пас ту иниву ман он
Хокаму ту осмон
Алвидоъ, падруд, хайр!
Вақт поин шуд, хайр!
Ман дигар ту дигарӣ,
Шояд аз ман бехтарӣ!
✍Шоира Раҳимҷон
@NIGINAMUSIC🎵