1
"САЛОМ..."
Дастҳои нотавонам
Сахт пазмони салом аст.
Руйи дастонам Худоё,
Як дуои нотамом аст.
Дастҳо аз дасти дурӣ,
Баски дар тобу итобанд,
Номаи танҳоӣ дар каф,
То саҳаргоҳон нахобанд.
Ку рафоқат, ку муҳаббат,
Ку ҳарими дустдорӣ?
Оҳ, мехоҳам, ки ай дӯст,
Дастҳоямро фишорӣ.
Вой, меларзам зи андӯҳ
Сарду сангину хаёлӣ.
Мебарам маҳзуну ноком,
Дастҳо бар ҷайби холӣ...
Даст бар дасте ниҳодан-
Охирин ҳарфу калом аст?
Ҳайф аз ин дунё, ки дигар,
Марги мо дасти "Салом" аст.
Зиёвиддини Нурзод