Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
ТАКЯДОРИ ТАНҲОӣ Ишқи рафтаро дидам,аз гузашта меомад, Аз гузашта меомад,паршикаста меомад. Пойи орзу дар гил,бениёзу беҳосил, Дар кафаш дили мурда,пиру хаста меомад, Дар сараш гили ҳиҷрон ,дар лабаш ғами гирён, Гул набуд дар дасташ,дасти баста меомад. Фар набуд дар шасташ,ҷон набуд вобасташ, Сар набуд, сармасташ фаршикаста меомад. Аз диёри ёдистон,аз мазори ҳеҷистон, Такядори танҳои,пиру хаста меомад. Гулрухсор (2006)