Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Хоҳи бирав... То кай бигӯ, эй бадгумон, дорӣ ту бар ман сад гумон? Бовар надорӣ гар ба ман, аз умқи чашмонам бихон! Гуфтӣ: “зи ишқат пирам андар синни ҳаждаҳсолагӣ”, Фандам макун, чун мекунад ин ишқ пиронро ҷавон. Гуфтӣ, ки: “аз нозу итобат гаштаам беҳавсала”, Гуфтам, ки: “набвад ошиқӣ арзандаи ҳар нотавон”. Зангам назан, лайкам намон, адресам аз ёдат бубар - Хоҳам чунин гӯям, вале ҷон метапад сӯят ниҳон. Рашкам мабар, ҳар лаҳза аз наззораҳои раҳгузар Мислат наям, то дил диҳам гоҳе ба ин, гоҳе ба он. Бар ман қавоқ андохта, дар кӯча қаҳ - қаҳ мезанӣ, Ман хандазиндонам, вале ту роҳбони дигарон. Ошиқ наӣ? Аз ман гузар! Ё дӯстам дорӣ зи дил? Нагрифтаам аз доманат, хоҳӣ бирав, хоҳӣ бимон! Нодираи СОБИРЗОД