1
Зиндагӣ бепарвост
Зиндагӣ бепарвост…
Зиндагӣ мехобад рӯзу шаб ором – ором,
Аммо умри якрӯзаи гуле дар даруни гулдон мерасад бар фарҷом
Ман намехобам.
Ман ба гӯши гулҳои кавкабу довудӣ сухане дорам
Ман ба гӯши паррандае, ки дар анбуҳи биҳӣ ошиқона бол мезанад, сухане дорам
Ман ба гӯши вассаҳои болор,
Ман ба гӯши танҳоӣ сухане дорам
Ман ба гӯши ту …
ба гӯши ту...
(Фарзонаи Хуҷандӣ)
#niginamusic @niginamusic