Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Дилам ғам дораду аммо надонам аз барои кӣ? Ҳамеша мекунад ёде зи ишқи бевафои кӣ? Ҳама савдои ин дунё намеарзад ба дунёям, Бигӯ бар дӯши ин қалбам ҷаҳони ғуссаҳои кӣ? Аз ин тақдири баргашта ба ҷон омад дили мискин, Надонам кай қабул гардид ба ҷони ман дуои кӣ. Ману дил дар набардем, аз барои ишқи бепосух, Сазоворам ба ин ғамҳо, чу медонам хатои кӣ. Шикаста бовару умед пеши чашмҳои ман, Дигар пеши кӣ биншинам, зи баҳри мутаккои кӣ? Дар ин шаҳри баҳоройин ҳама пушти хазон пинхон, Ба гӯшам мерасад исмам намедонам садои кӣ.