Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
«Гӯянд: ҷаҳон пур аз таманност, аммо ки ба ман чӣ? Ин фасли баҳор қашангу зебост, аммо ки ба ман чӣ?‎ Гӯяд яке: чӣ сода бошад бифрӯхтани виҷдон, Оғози раҳаш ба сӯйи фардост, аммо ки ба ман чӣ?‎ Оташ бизананд хонаи дил, бар сӯхта бигирянд, Ҳар ҷо ки бубини хасм пайдост, аммо ки ба ман чӣ? ‎ Бо аҳли шумо ки кор надорам, озор надорам, Гар ҳар қадами шумо таҷаллост, аммо ки ба ман чӣ?‎ Оҳанги вафо зананду рақсанд дар кӯчаи рӯё, Ҷашни тараби шукуфа барпост, аммо ки ба ман чӣ?‎ Бар ҳоли худам маро бимонед дилсӯзӣ нашояд, Лабханди дурӯғу фанд ноҷост, аммо ки ба ман чӣ?‎ ‎