1
Ало эй ёри савдоӣ, муҳаббат чист, медонӣ?
Муқарраб гашта бо ғам ишқу одат чист, медонӣ?
Тамоси беҷавобу он паёмакҳои бепосух,
Зомони интизориҳои соат чист, медонӣ?
Зафарманд зӯри дунё шуд, дасти ғусса боло шуд,
Низоми адлу мафҳуми адолат чист, медонӣ?
Ҳазорон ормону орзуҳо хуфта дар хоканд,
Нигоҳи ноумедӣ, чашми ҳасрат чист, медонӣ?
Қадамҳои аввал дар соҳили дарёи дӯстдорӣ,
Қадамҳои дигар дар баҳри нафрат чист, медонӣ?
Чаро беҳуда каф мекӯбӣ аз бозии дунёӣ?
Набарди қисмату рашку рақобат чист, медонӣ?
Дурӯғ аст ин ҳама афсонаҳои бофтаи зебо,
Ҳақиқат чист медонӣ, ҳақиқат чист медонӣ?!