1
Магу, ки дер шуд тайёраи бахту накуи рафт,
Худое хаст, азизе хаст, дуое хаст.
Ба рохи кисмати берахму ранчи беш,
Ба бовар бош, як мушкилкушое хаст.
Агарчи гаштаи курбони ин такдир,
Худоям чораву тадбир месозад.
Зи ашки бегунохии ту аз ин пас,
Хазорон абрро занчир месозад.
Дар ин зиндони хасти дод бояд гуфт,
Факат озодиву девонаги бояд.
Чу ту олихаи зебои ин дунё,
Дар ин гурбатсаро фарзонаги бояд.
Ману ту дардхои муштарак дорем,
На ,балки гуссахои кулли ин дунё.
Бароям хурдани гамхои ту карз аст.
Бароям менамои равзани фардо.