1
Ғамхори касе бош, ки ғамхори ту бошад,
Дар гармию сардии ҷаҳон ёри ту бошад.
Бо ҳар хасу хоре манишин вақт гарон аст,
Ҳамрози касе бош сазовори ту бошад.
Дил гир аз оне, ки надонист баҳоят,
Дилдори касе бош, ки дилдори ту бошад.
Ҳоло дари ҳар кас чу дари қалби ту во нест,
Меҳмони касе шав, ки талабгори ту бошад.
Пазмони касе шав, ки алорағми ҷудоӣ,
Дар ҳар нафасаш ташнаи дидори ту бошад.
Дур бош аз оне, ки ғамат нест ғами ӯ,
Қурбони касе шав, ки гирифтори ту бошад.