Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Бирав... Ҳасани Исҳоқӣ Ҳоло ки хоб рафта дилам бе садо бирав, Ором рад шав аз ману бе эътино бирав. Инбор ҳарфҳои дили ман нагуфтанист, Инбор-ро напурс чарову куҷо?...бирав! Аз нав тамоми хотираҳоро мурур кун! Асло наё ба қалби ман аз ибтидо! Бирав ! Аслан хаёл кун, ки дилат ҷои дигарест Аслан хаёл кун, ки надиди маро бирав! Баъд аз ту ҳеч кас ба дилам сар намезанад Дарро бубанд пушти сарат, бе садо бирав!!!