1
НАЁФТАМ
Тулӯъи субҳи орзу наёфтам, наёфтам,
Ягонае мисоли ту наёфтам, наёфтам.
Таронаҳои ин дилам агарчӣ ишқзодаанд,
Магар шикаста дар гулӯ, наёфтам, наёфтам.
Маро камони дурият ба тири ғусса мекушад,
Чӣ ҳоҷате ба як адӯ...наёфтам, наёфтам.
Ба ҳаҷми ишқи ту наво, ба ҳаҷми ёди ман даво,
Бигӯ, азизи дил, бигӯ, наёфтам, наёфтам.
Раҳе, ки мебарад маро ба остони раҳматаш,
Мапӯ дилам, мапӯ, мапӯ, наёфтам, наёфтам.
Дили ғуборбастаро, дили зи ишқ хастаро,
Диле, ки рафт пеши ту, наёфтам, наёфтам.
Sapedai Muhammad