Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Хаво имрўз борон аст, Дилам пуршўру туѓён аст. Нигохам ташнаи дидор, Ниходам аз гули озорхо пурбор. Кучо он ёри дилбардор? Кучо он марди беозор? Ки бо алфози ширинаш, Хикоятхои рангинаш, Тасаллобахши ман бошад. Ба рўи ман, Ба рўи ман, Зи гулзори вафо гулбаргхо пошад. Начўяд чой дар хар чо. Фаќат андар дили хурду бузурги ман Бичўяд бахри худ маъво. Хаво имрўз борон аст, Дарахти рўи хавлй Тирамах бебаргу урён аст. Зи дурихои ёрам Хотири чамъам парешон аст. Нигар бар чашмхои ман, Бубинй акси борон Баръало он чо намоён аст. @niginamusic