Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
ҒАЗАЛЕ БА ДӮСТ Дилам ба ёди ту имшаб чӣ рӯшан аст, эй дӯст, Ба боғи дил нафаси сабзи гулшан аст, эй дӯст. Ту ҳастиву ҳаваси зиндагӣ ба сар дорам, Туӣ, ки қалби маро ишқ маъман аст, эй дӯст. Сипоси меҳри туро субҳу шоми ман донад, Ба шукри будани ту ҷон дар ин тан аст, эй дӯст. Ғами чу кӯҳи ту дар синаам ғазалгӯ шуд, Агарчӣ пеши ту ишқам чу арзан аст, эй дӯст.* Садои соати дастам фиғони умри ман аст, Дареғи зиндагӣ, як лаҳза шеван аст, эй дӯст. Биёву дасти дилатро ба рӯи қалбам неҳ, Ба эҳтироми вафое, ки бо ман аст, эй дӯст. Бимон барои ту бошам зане зи ишқ ризо, Агар ба хотири ту ин шукуфтан аст, эй дӯст. @niginamusic