Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Меҷуямат...
Устод Озарахш 

Мечуямат, мечуямат чун чуи ташна обро,
Мекобамат, меёбамат чун чашми гушна хобро

Мепоямат, мепоямат чун дашт дар хуммори абр,
Менушамат, менушамат чун рухи шаб махтобро

Менозамат, менозамат дар пардаи мехрофарин,
Монанди мутриб созро, сузандаи мизробро

Мебинамат, мебинамат хар су диле во мекунам,
Чун ошики озодасар саччодаву мехробро

Мехонамат, мехонамат бори дигар, бори дигар,
Монанди шоир шеърро, дурдонаи ноёбро

Мебусамат, мебусамат эй дасти субхи тозару.
Чун чашми гарми офтоб ойинаи Варзобро

Мехохамат, мехохамат эй резаборон дар чаман,
Чун Озарахш аз чону дил оханги ноби нобро…