Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Моро гуле аз руи ту чидан нагузоранд, Чидан чи хаел аст, ки дидан нагузоранд. Сад чок шуда синаву сад пора шуд ин дил, Ин бехабарон чома даридан нагузоранд. Сад шарбати ширин зи лабат хастадилонро, Наздики лаб оранду чашидан нагузоранд. Гуфтам шунавад муждаи дашноми ту гушам, Он низ шунидам, ки шунидан нагузоранд. Бахшой бар он мурге, ки хунаш гахи бисмил, Борхо бирезанду чашидан нагузоранд. Дил шуд зи ту садпораву фареде, ки ин кавм, Наъра задану чома даридан нагузоранд. Бигрез Камол аз сари зулфаш, ки дар ин кавм. Мурге, ки дарафтод паридан нагузоранд.