Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Сафои шеър мерасад зи табъи ноз-нозиям, Ба бозӣ, оҳ.., мекушад ҳавои ишқбозиям. Бунафшаҳои лоҷвард саломи сабз медиҳанд, Ягонаи дили маро ба маҳзи дилнавозиям. Ниёзманди хастаро ба шаҳри ишқ мебарад, Дили ҳамешаошиқам, садоқати намозиям. Агар тарона хостӣ ба чашми рӯшанам нигар, Ки нози ғусса мекашад, сазои бениёзиям. Магар гуноҳи ту набуд дурӯғи ман ба зиндагӣ, Гаҳе ки мегудозиям, гаҳе ки менавозиям? Бибин ғаме, ки мекашам, насибаам зи ишқи туст, Насибаи ту ҳар даме дуъои чорасозиям.