Перейти в канал

Нигина Амонкулова

1
Ту мепурси: "Чи таври?", "хуб хасти?" Ва ман мегуям: "Оре, шукр, хубам" Ба мичгонам хутути ашкхоро Вале пинхони аз чашмам бирубам! Ту мепурси, ки "алъон гиря дори?" Бигуям: "На, ба чашмам кох уфтод, Нагуям, ки тамоми хастии ман Ба хукми рафтани ту рафт барбод! Ту мепурси, ки "дастат ларза дорад" Бигуям: "Ох, камтар сард хурдам" Кучо дони, ки бо ин шонахоям Гаронихои ранчи ишк бурдам. Ту мепурси ки "шод аз рузгори?" Ва ман мегуям: "Оре, шод хастам" Нахохам гуфт, к-аз фарти шикастан Ба пои ишки худ занчир бастам! Ту мепурси: "Чи таври?", "хуб хасти?" Ва ман мегуям: "Оре, хайр, хуш бош!" @orzuiso