1
ЗАХМИ НИҲОН
Бимон гулбарги рӯи ман хазон гардад.
Ту умре бехазону гулфишон бошӣ.
Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ.
Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ.
Бимон ҳар лахза чанги номуродиҳо.
Ба рухсорам хати ожанг бигзорад.
Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил.
Маро ҳар лахзаву ҳар рӯз озорад.
Тавони сад тавоноро ба ту бахшам.
Биафтам ман агар ту нотавон бошӣ.
Ба поси ин ҳама умеди қурбонӣ.
Мабодо душманамро ёри ҷон бошӣ.
Мабодо, ки азизи дигарон бошӣ?
(ГУЛРУХСОР)